«Мо чунин ҷавобро интизор надоштем…» | «Мы не ожидали такого ответа...» | Saliheen

Дар дунёи онҳо ҳар лаҳза ранги дигар дорад. Яке ба осмон менигарад — гӯё бо ситораҳо суҳбат дорад. Яке фарёд мезанад — то дилашро бишунаванд. Яке ба девор нигоҳ мекунад — дунёи хомӯши худро дорад. Яке бо бозичааш машғул аст — шодии хурди худро меофарад. Ин ҳама рафторҳо маънои он доранд, ки онҳо ҷаҳонро бо роҳи худ эҳсос мекунанд. Биёед онҳоро қабул кунем ва дӯст дорем ❤️ Абдусалом писараки 21-сола буда, ҳолати синдроми Даун дорад. Ӯ бисёр хушҳол ва хушчақчақ аст. Одамони дорои чунин ҳолат, баръакс, нисбат ба дигарон ду карат меҳрубонтаранд ва агар бо онҳо дуруст ҳамкорӣ карда шавад, бисёр чизҳоро метавонанд омӯзанд. Абдусалом ба варзиш шавқ дорад ва хеле мехоҳад инсони комил бошад. Бо фазли Аллоҳи меҳрубон ба ӯ миқдоре туҳфаи пулӣ тақдим карда, инчунин утоқи варзишии муассисаи ӯро бо таҷҳизот таъмин намудем, то ки аз рушд қафо намонад ва ба варзиш машғул гардад. Меҳрубонӣ амале аст, ки на танҳо дили инсонро шод мекунад, балки роҳи ба ҷаннат бурданро ҳам ҳамвор месозад. Аллоҳ аз мо ва шумо қабул гардонад. 🤲🏻 Шаҳриёр, ҷавони 27-сола буда, дорои ҳолати аутизм мебошад. Аутизм яке аз хусусиятҳои рушд аст, ки метавонад дарк ва рафтори инсонро фарқ кунад, аммо ҳеҷ гоҳ арзиши шахсияти ӯро кам намекунад. Шаҳриёр зирак ва чаққон буда, мухлиси телефони Honor аст. Бо фазли Аллоҳи меҳрубон орзуяш амалӣ гардид. Биёед чунин инсонҳоро бо муҳаббат ва эҳтиром қабул кунем, зеро онҳо низ бахши зебои ҷомеаи мо мебошанд. Аллоҳ аз мову шумо қабул гардонад. 🤲🏻 Абдусалом – 21-летний юноша с синдромом Дауна. Он очень радостный и жизнерадостный. Люди с таким состоянием, наоборот, в два раза добрее других, и если с ними правильно взаимодействовать, они могут многому научиться. Абдусалом интересуется спортом и очень хочет быть полноценным человеком. По милости Милостивого Аллаха мы вручили ему денежный подарок, а также обеспечили спортивный зал его учреждения оборудованием, чтобы он не отставал в развитии и мог заниматься спортом. Доброта – это поступок, который не только радует сердце человека, но и открывает путь к Раю. Пусть Аллаh примет это от нас и от вас. 🤲🏻 Шахриёр — 27-летний молодой человек с особенностью аутизма. Аутизм — это одна из особенностей развития, которая может влиять на восприятие и поведение человека, но никогда не умаляет ценности его личности. Шахриёр умный и энергичный, он является поклонником телефонов Honor. С милости Милостивого Аллаха его мечта осуществилась. Давайте принимать таких людей с любовью и уважением, ведь они тоже являются прекрасной частью нашего общества. Пусть Аллах примет это от нас и от вас. 🤲🏻

Смотрите также