VIDEO
/Пресса тч/ Мардуми деҳаи Шерхонии шаҳри Ҳисор ҳар рӯз барои ба Душанбе омадан бо қаиқ дарёи Кофарниҳонро мегузаранд. Чун ки ин ягона роҳи наздик байни онҳо ва пойтахт аст. Ба болои ин мушкил боз бояд гуфт, ки дар ин деҳа на мағоза, на беморхона ва на дорухона аст. Сокинони деҳа ҳатто оби ошомиданиро аз ҳамин дарё гирифта, истеъмол мекунанд. Деҳаи Шерхонӣ мактаби нуҳсола дорад. Набудани купрук ва роҳ ба он сӯи рӯди Кофарниҳон ва мактабҳои деҳаи ҳамсоя кӯдакони Шерхониро маҷбур кардааст, ки аксарият баъди хатми синфи 9 дигар таҳсил накунанд. Зеро волидон таваккал намекунанд, ки фарзандонашон ҳар рӯз аз болои дарёи сероб бо қаиқ равуо кунанд. Сокинони деҳа борҳо ба мақомоти болои арз карданд, вале бенатиҷа. Худ тасмим гирифтанд, ки гову молашонро фурӯшанду пул созанд. Бо ҷамъи 118 ҳазор сомонӣ танҳо пояҳои пулро сохтанду халос... Айни замон маблағ барои идомаи кор надоранд, чун ҳамаи иқоматкунандагони деҳ пулу моли дар бисоташон бударо сарф кардаанд. Кас ҳайрон мешавад, ки чаро солҳои 2019-2021-ро «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон кардему ин деҳ дар ин ҳол қарор дорад. Ё мақомоти шаҳри Ҳисор барои сохтани як пул маблағ надорад? 600 сокини деҳаи Шерхонӣ аз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илтимос доранд, ки ба додашон бирасанд, то деҳаро ба "ободӣ" наздик кунанд, фарзандонашонро аз вартаи бесаводӣ бароранд ва роҳашонро ба сӯи оянда боз намоянд. НАФАРОНЕ, КИ БА МАРДУМИ ДЕҲАИ ШЕРХОНӢ КУМАК КАРДАН МЕХОҲАНД, ИН РАҚАМИ ТЕЛЕФОН ВА КОРТИ БОНКӢ АЗ РАИСИ ДЕҲА АСТ: КОРТИ БОНКӢ: 5058270123192444 +992 90 730 00 62 РУСТАМОВ МАҲМАДРАУФ +7977 966 54 40 - Эҳсон Маҳмадрауфович 4817 7602 3148 3518 - корти бонкӣ