ҚУРБОНИЁНИ марз ба 16 НАФАР расиданд. Яке ОИЛАДОР МЕШУДУ дигаре РАИСРО НАҶОТ ДОД

/Пресса тч/ Дар муноқишаҳои хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон теъдоди фавтидагон аз ҷониби Тоҷикистон то 2 май ба 16 нафар расид. Яке аз қурбониён МУҲАММАДУЛЛОҲ РАҶАБАЛИЗОДА, афсари 26 солаи дастаи таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мебошад. Муҳаммадуллоҳ аз ноҳияи Муъминобод буд. Ӯ дар дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интизоми намунавӣ ба ҳайси фармондеҳ адои вазифа мекард. Қиссаи дардовар дар сарнавишти Муҳаммадуллоҳ ин аст, ки ӯ ҳатто ба орзуҳои ҷавонии хеш нарасида буд. Бо духтаре нияти оиладоршавӣ доштааст ва падару модар барояш духтари дӯстдоштаашро фотеҳа карда будаанд. Ният доштааст, ки баъди иди Рамазон туйи хонадоршавиашро барпо кунад, аммо... ҲАСАН АКБАРОВ пропоршики қушунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон кушта шуд. Пропоршики 31-сола рӯзи 29 апрел дар натиҷаи муноқишаҳои сарҳадӣ бо қирғизҳо дар Ҷамоати Ворух, дар вақти ҳимоя намудани раиси ноҳияи Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода, ки аллакай аз китфаш маҷруҳ шуда буд, худро сипар намуда, дар натиҷа аз тири снайпери душман ба ҳалокат расид. 1 май ҷасади ин ҷавони ғӯрамаргро дар зодгоҳаш ноҳияи Фархор ба хок супурданд. МЕҲРӮЗИДДИНИ МУҲРИДДИН, афсари 26-сола, пизишки Қушунҳои сарҳадӣ дар Исфара. Дигар қурбонии ин ҷанг афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, САЛОҲИДДИН ГАДОЕВ, аст. Вай 28 сол дошта, фармондеҳи яке аз дидбонгоҳи ноҳияи Мастчоҳ будааст. Салоҳиддин Гадоев, хатмкардаи Донишгоҳи қувваҳои сарҳадии Қазоқистон ва соҳиби рутбаи ҳарбии майор будааст. Афсари кушташуда се фарзанд дошт. Ҳамчунин, БАХТОВАР МАҲМУДОВ, сокини ҷавони деҳаи Наймани ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара, низ кушта шудааст. Ӯ субҳи 29-уми апрел барои обмонӣ ба боғашон рафта будааст ва бегоҳии ҳамон рӯз фавтид. Инчунин, рӯзи 29 апрел ба ҷавони 32-солаи ин ҷамоат, УМЕДҶОН ЮСУФОВ, тир расид ва ӯ ҷон дод. НЕКРӮЗ ҒАФУРОВ, сокини деҳаи Даҳбеди ҷамоати Қаратоғи шаҳри Турсунзода, низ дар муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон рӯзи 29-уми апрел кушта шудааст. Ӯ 28 сол дошта, соҳиби ду фарзанд буд. Дар ҳодисаи рӯзи 29-уми апрел ҲИКМАТУЛЛО МАҲКАМОВи 26-сола ва ИБРОҲИМХОН ҲОШИМЗОДАи 26-сола, сокинони маҳаллаи Навободи Ҷамоати Чоркӯҳ кушта шудаанд. ШЕРАЛӢ РАҲМАТЗОДА ва САФАР НАБИЕВ, низ ду сарбози қисми марзбонии Исфара, ҳангоми навбатдорӣ аз тири силоҳи оташфишон кушта шудаанд. Ҷасади онҳоро рӯзи 30 апрел дафн карданд. ҶАСУРҶОН СУЯРҚУЛОВ, марзбон, сокини 28 солаи деҳаи Қалъачаи Азими ноҳияи Деваштич. СОБИР ВАҲҲОБОВ, 51-сола, ҷамоати Чоркӯҳ. МАНУЧЕҲР ҚАЛАНДАРОВ, 40-сола, ҷамоати Чоркӯҳ. ДАЛЕР ЭШОНОВ, 33-сола, ҷамоати Чоркӯҳ. ҲУСЕЙНҶОН ШАРОПОВ, ҷамоати Чоркӯҳ.    • МАРГИ 8 ТОҶИК дар сарҳади ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒ...      • Интервью  с ранеными таджикскими пограничн...      • Интервью  с ранеными таджикскими пограничн...      • САРБОЗИ 19-СОЛА ДАР МУРҒОБ ЧИ ХЕЛ ФАВТИД? ...  

ӯrii-yat...

Смотрите также