Мулоқоти раиси ноҳияи Деваштич бо донишҷӯёни муассисаҳои олии маркази вилоят.

Ҷавонон нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, саҳми онҳо дар рушди соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ ва ободии ватан назарас мебошад. Дар вилояти Суғд мулоқоти раисони шаҳру ноҳияҳо бо донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ҷараён дорад. Ин навбат мулоқоти раиси ноҳияи Девшатич бо ҷавонон, донишҷӯёни муассисаҳои олии маркази вилоят баргузор гашт. Мулоқот бо донишҷӯён имкон медиҳад, ки миёни роҳбарон, устодон ва донишҷӯён робитаи мустақим ва самарабахш барқарор гардад. Ин муошират дар ҳаллу фасли мушкилот ва пешбурди раванди таълим нақши муҳим мебозад.

Смотрите также